Дар паёми телевизионии худ ба мардуми кишвар сарвари давлат қайд кард, ки «забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад».

Ба гуфтаи президент, забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст ва хушбахтона,  миллати тоҷик ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.

Сарвари давлат бар ин назар аст, ки имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Дар робита ба ҳифз ва нигаҳдории покизагии забони тоҷикӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.

«Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем, яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда, ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад», - зикр кард ӯ.

Зимнан таъкид шуд, ки «таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». «Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад», - афзуд сарвари давлат.