Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) Рӯзи Ҷаҳонии Ғизоро дар санаи 16 октябри соли 2016 қайд намуда, ба зарурати ба роҳ мондани шарикии қавӣ ва созанда миёни Мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва созмонҳое, ки иқдомҳои заруриро дар самти ноил гаштан ба Ҷаҳони Бидуни Норасоии Ғизо амалӣ намуда, ба ояндаи дурахшони кӯдакон саҳм мегузоранд, ишора мекунад.

“Имконияти хотима додан ба норасоии ғизо дар давраи зиндагии мо вуҷуд дорад. Мо метавонем, ҷаҳонеро созем, ки дар он ҳамагон дар ҳама макон ба хӯрокаи ғизонок дастрасӣ дошта бошанд – ба шарте, ки мо дар якҷоягӣ ҳамчун Ҳамкор фаъолият намоем”, - мегӯяд Ертарин Козин, Директори Иҷроияи БОҶ. - Хоҳ дар заминаи фаъолиятҳо башардӯстона бошад, хоҳ амалиётҳои рушд, шарикӣ бояд қавӣ, стратегӣ ва инноватсионӣ бошад ва бояд ба ин шарикӣ аз назари тағйир додани зиндагии аҳолии ниёзманд баҳогузорӣ карда шавад.”

БОҶ дар соли 2015 ба зиёда аз 17 миллион кӯдак дар 62 кишвари олам хӯрокаи гарм ва ё газак таъмин намудааст, ки ин ғизо барои бадани онҳо ва амалӣ гаштани орзӯи онҳо аст. Агар барномаи хӯрокаи мактабӣ бо шарикӣ татбиқ гардад ва ба барномаҳои ҳатмии маориф ҳамгироӣ карда шавад, пас ғизои мактабӣ катализатори дастовардҳо ва имкониятҳои соҳа мегардад.

БОҶ дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, айни замон кумаки зиёда аз 550.000 одамонро пешбинӣ кардааст, ки дар доираи дастгирии ташшабусҳои Ҳукумати мамлакат дар ноил гаштан ба ҳадафҳои Стратегияи Миллии Рушд мебошад.

“Ғизо дар мактаб метавонад як чизи хурд намояд, аммо барои оилаҳои ниёзманд бештар аз он аст. Дар тӯли сафари худ ба ноҳияи Айнӣ Сурайё,и модари се фарзанд ба ман гуфт, ки хӯрока дар мактаб барои оилаи ӯ дастгирии хубе ҳаст, ки барои сарфа намудани даромадҳои оилааш сабаб шудааст”, - қайд кард Паоло Маттей, директори БОҶ дар Тоҷикистон. - Ӯ ба ман гуфт, ки бо ташшабуси БОҶ ҳуррӯза фарзандони ман дар мактаб таоми гарм ва нон тановул карда лаззат мебаранд ва ин барои ӯ бисёр ҳам гуворо аст, зеро таоми серғизо дар доираи мактаб расонида мешавад.”

Барномаи Ғизои мактабӣ бо дастгирии БОҶ амалӣ мегардад, ки таввасути он 370.000 хонандагон дар зиёда аз 2000 мактаб бо хӯрока таъмин мегарданд, ки ба баланд бардоштани қобилияти дарсомӯзии кӯдакон ва давомоти доимии онҳо мусоидат мекунад.

БОҶ инчунин барои “истеҳсоли ватанӣ” гардонидани хӯрокаи мактабӣ кушиш ба харҷ медиҳад. Дар доираи барномаи ҷадиди Ғизои Мактабӣ аз Истеҳсоли ватанӣ, кӯдакон аз таомҳои гуногуни аз маҳсулоти маҳаллӣ омодашуда баҳраманд мегарданд, дар баробари ин деҳқонон, тоҷирон ва аҳолии маҳал низ самараи молиявӣ ба даст меоранд.