АНОНС

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор мешавад;

- Кумитаи ҳолатҳи фавқулода огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ якбора поинравии ҳарорат, боришот ва шамоли сахт дар назар аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8758 сомонӣ;

1 евро – 8.7240 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1202 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1946 – Дар Париж ЮНЕСКО – Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг таъсис дода шуд.

1948 – «Бешаи палангон» мамнӯъгоҳи давлатӣ эълон карда шуд.

1998 – Гурӯҳи полковники «ошӯбгар» М.Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳамла кард.

2004 – Нусхаҳои шумораи навбатии газетаи «Рӯзи нав», ки дар Бишкек ба нашр расид, аз ҷониби пулиси андоз дар нақлиёт дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.

1918 – Зодрӯзи Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Тоҷинисо Ғафурова.

1928 – Мавлуди профессор Баён Раҳимов.

1937 – Зодрӯзи файласуф, профессор Фирӯза Турсунзода.

1950 – Мавлуди ҳунарманди театр Асалбегим Саодатова.

1954 – Зодрӯзи журналист Сардори Раҳдор.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5 рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона-4+1, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +15+17.