Обуҳавои сард ва боридани барф дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон идома меёбад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳои ҳарорати миёна рӯзона то 5-7 дараҷа хунук ва шабона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки давоми ин рӯзҳо дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро бад мекунад, дар роҳҳои кӯҳӣ хавфи ба вуҷуд омадани ғарами барф ва яхбандии шадид аз эҳтимол дур нест.

«Дар ҳоли харобии вазъи ҳаво аз кандашавии хатҳои интиқоли нерӯи барқ, сарозер шудани қисме аз дарахтон дар ҷодаҳо, бад шудани биниш ҳангоми боришот, мушкили ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳо пайдо шудани мошинҳову одамони зиёд ва ҳолатҳои садамавӣ эҳтимол  меравад», - омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки боз ҳам эҳтиёткор ва бодиққат буда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.