Дар варзишгоҳи «Лужники» шаҳри Маскав ба ифтихори 80-солагии пешвои рӯҳониии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV рӯзи 11 декабр бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти пуршукӯҳ доир гардид.

Муддати сеюним соат Далер Назаров, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс», Ҳақназар Аловатов, гурӯҳи «Зафар» ва дигар ҳунармандони тоҷик табъу хотири беш аз 5 ҳазор нафар тамшобинонро шоду болида гардониданд.

Консерт бо дастгирии Шӯрои миллии исмоилиёни Ҷамоати Русия, роҳбарони минтақаҳои Ҷамоати Русия ва ташкилотҳои ҷамъиятии «НУР» ва «Помир» ташкил карда шуд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Чаҳорумин Оқохон (13 декабри 1936, Женева, Швейсария) имоми ҳозири шиъиёни исмоилии низорӣ аст ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Севумин Оқохон дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шуд. Вай чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ аст.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеви Швейсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Вай замоне масъули ёриҳои кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид будааст.

Вай бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Тавсеъаи Оқохон» (AKDN) аст.

Оқохон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оқохон, шаҳзода Раҳим Оқохон ва шаҳзода Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон.