Муаллимаи мактаби кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Замира Рустамова дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» ғолиб дониста шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ӯ аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо беҳтарин эътироф гардидааст.
Рӯзи 29 декабр дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» натиҷагирӣ шуд.
Тибқи маълумоти дастандаркорони ин чорабинӣ, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти омӯзгорони лаёқатманд, бештар навкору навовар ва эҷодкор дар фаъолияти касбӣ аст.
Ғолиби озмун ба ҷуз мукофотпулӣ, ҳамчунин бо туҳфаи хотиравӣ ва унвони «Аълочии маориф» сарфароз гардонида шуд.