Соли гузашта дар Душанбе ду бинои таърихиву барои ҳар як сокини пойтахт азизу гиромӣ - Театри давлатии академии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва кинотеатри «Ҷомӣ» кӯчонида шуданд.

Бинои Театри Маяковский як сол пеш
Акс аз бойгонӣ

Аз он замон аллакай якчанд моҳ сипарӣ шуда, акнун ҷойи ин муассисаҳои фарҳангӣ ба харобазору макони ноообод табдил ёфтааст.

1/8

Кӯчонидани бинои театри Маяковский, ки яке аз нахустинҳо шуда дар пойтахти тоҷикон бунёд гардид, 23 июни соли гузашта шурӯъ шуд.

Бо қарори Вазорати фарҳанг, театр ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон» кӯчонида шуда, аллакай дар он ҷо спектаклҳояшро намоиш медиҳад. Пештар ҳунармандони он дар толори театри Лоҳутӣ спектаклҳояшонро пешкаш мекарданд.

Баъди як моҳи кӯчонидани театри Маяковский дар пойтахт боз як бинои дорои таърихи 60-сола - кинотеатри «Ҷомӣ» низ кӯчонида шуд. Дар ҷойи он бояд гулгаштҳо сохта мешуданд. Аммо алҳол ин ҷо холӣ аст.