АНОНС

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии шабакаи телевизионии «Сафина» баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00;

- Дар бинои Маркази ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

- Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-40.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8809 сомонӣ;

1 евро – 8.3380 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1292 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1569 — Дар Лондон бори нахуст дар таърих бозии лотереяи давлатӣ гузаронида шуд.

1931 — Ташкили Бюрои тадорукотии Иттиҳодияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон.

1964 — Сарҷарроҳи ИМА Лютер Терри бори нахуст эълон кард, ки тамокукашӣ барои саломатӣ зараровар аст.

1994 — Дар Русия бори нахуст пас аз пошхӯрии ИҶШС Маҷлиси Федералӣ - мақоми олии (парламент) кишвар ба фаъолият оғоз кард.

1999 — Корпоратсияи Intel истеҳсоли микропротсессорҳои Intel Pentium (R) III.-ро маблағгузорӣ намуд.

2001 — Таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

1915 — Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1-3.