Аз филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе 63 нафар донишҷӯён хориҷ карда шуданд.
Директори иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Сайъало Мирзоев дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аксари онҳо (73%) донишҷӯёни соли аввали таҳсил буда, бо сабаби қарз аз имтиҳонҳо ва дониши паст аз давраи таҳсил дар мактаби миёна хориҷ карда шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар филиали донишгоҳ 504 нафар таҳсили илм доштаанд, ки 347 нафарашон бар асоси буҷетӣ ва 157 нафар тибқи шартнома таълим мегирифтаанд ва аттестатсияи ҷамъбастиро аз рӯи шаш самти омодагии бакалавриат 125 нафар донишҷӯён гузаштаанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбастии соли 2017 хатмкунандагони филиали ДДМ дар Душанбе 19 диплом «бо баҳои аъло» гирифтаанд.