Бо оғози соли нави хониш истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт хеле мушкил шуд. Субҳу шом ҳатто аз истгоҳҳои хотимавӣ низ ба нақлиёт нишастан душвор шудааст.

Дар ин робита аввали моҳи сентябр раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Вазорати маориф пешниҳод кард, ки оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва касбӣ-техникии пойтахт аз соати 8 ба 9-и субҳ тағйир дода шавад, вале тавре ба мо маълум шуд, ин масъала ҳанӯз норӯшан аст.

1/13

Қобили зикр аст, ки субҳу шом вақти ба кору дарс рафтану бозгашт аз он дар тамоми кӯчаҳои Душанбе издиҳоми одамони мунтазири нақлиётро мушоҳида кардан мумкин аст. Мебояд гуфт, ин соатҳо дар як вақт ба кӯчаҳои Душанбе наздики 108 ҳазор нафар барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ мебароянд.