Дар номинатсияи «Поколение мультимедиа» (Насли чандрасонаӣ)-и Озмуни IX умумирусиягии «СМИротворец-2017», ки охири моҳи ноябр дар Маскав доир гардид, филми «Сибирские таджики» мақоми 3-юмро ишғол намуда, дар марҳилаи ҳавзавӣ бо туҳфаи махсус қадрдонӣ шуд.

Дар маҷмӯъ 9113 кор ба озмун пешниҳод шуда, 36-тои он ба даври ниҳоӣ гузаштанд ва дар номинатсияҳои гуногун ғолиб ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Коргардони филм хатмкардаи факултаи телевизиони Донишгоҳи федералии Сибир Екатерина Дашкевич ва хабарнигорон намояндагони Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикони «Ватан» Афзал Сатторов ва Қурбон Ҳакимов мебошанд, ки дар бораи лоиҳаи худ, тоҷикони Красноярск - донишҷӯёну варзишгарон ва табибону тоҷирони муваффақ ҳикоят мекунанд.