АНОНС

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

- Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бинои Вазорат - оғоз соати 11:00;

- Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар бинои Кумита - оғоз соати 09:00;

- Бозиҳои ҶОМИ ФФТ: 11:00 - «Панҷшер» - «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ. 11:00 - «Вахш» - «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 14:00 - «Истаравшан» - КМВА «Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ. 14:00 - «Регар-ТадАЗ» - «Ашт». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8210 сомонӣ;

1 евро – 10.8886 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1542 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1942 — Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.

2002 — Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

2013 — Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

2001 – Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.

1928 – Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.

1939 – Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.

1947 – Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.

1969 – Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.

1975 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.