Кормандони ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ рӯзҳои шанбе уҳдадор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, сарфи назар аз рӯзи корӣ ё истироҳат будани ин сана, бидуни истисно дар он бояд ҳамаи хизматчиёни давлатӣ иштирок кунанд.

Дар бораи дар куҷову кадом рӯзи шанбеи моҳ ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул шудани кормандони давлатӣ нақша тартиб дода шудааст, ки бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Ин навгонии меросмонда аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 10 март кормандони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон назди маҷмааи «Манеж» ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд.

Шанбеи ҳафтаи оянда, 17 март кормандони Кумитаҳои телевизиону радио, идоракунии замин ва геодезия, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин донишҷӯёни Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул хоҳанд шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.