Моҳи апрел ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 10 толори фирмавиро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд. Акнун нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд муштариёни оператор метавонанд масъалаҳои мобилиро дар ҷойҳои боз ҳам қулай ҳал кунанд. 

“Оғози соли 2018-ро метавон давраи рекордҳои савдои хусусии мо шуморид: мо ҳамагӣ дар якчанд моҳ чӣ қадаре, ки пештар дар минтақа толор мавҷуд буд ҳамон миқдор толор ифтитоҳ намудем. Ин иқдом бо хоҳиши боз ҳам ба муштариён наздик шудан ва ба онҳо хизматрасониҳои босифатро дар ҷойҳои зарурӣ пешниҳод намудан, пешбинӣ карда шудааст”, - шарҳ медиҳад Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Толорҳои фирмавии “МегаФон Тоҷикистон” доираи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод менамоянд: дар толорҳо на танҳо пайваст намудани нархномаи муфид, пурракунии ҳисоб ва харидорӣ кардани дастгоҳи мобилиро  метавон анҷом дод, балки онро барои истифодаи интернет ба кор андохтан ва масълаҳои дилхоҳро вобаста ба алоқаи мобилӣ ҳал кардан мумкин аст.


Макони ҷойгиршавии толорҳо низ қулай мебошад: онҳо дар мавзеҳои серодам кушода шудаанд – назди бозорҳо, марказҳои бузурги савдо ё биноҳои муҳими маъмурии шаҳрҳо ва шаҳракҳои Хатлон ифтитоҳ шудаанд.        

Толорҳои фирмавии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташрифкунандагони худро бо суроғаҳои зайл интизор аст: ш.Бохтар кӯчаи Наринов ва кӯчаи Вахдат, ш.Кулоб кӯчаи Борбад ва кӯчаи Сангак Сафарова, н.Ёвон кӯчаи Р. Раҷабов  ва кӯчаи Бозорӣ, н.Ҷомӣ кӯчаи Сомониён, н.Ҷайхун кӯчаи А.Берунӣ, н.Ҷ.Балхӣ ҷамоати Нури Вахш, н. Дӯстӣ ҷамоати Ҷангалпарвар, н.Шаҳритуз кӯчаи И.Сомонӣ ва н. Восеъ ҷамоати Гулистон, деҳаи Гулистон.