Таассуроти хешро дар бораи шаҳрҳои бостонии Хива, Бухоро ва Самарқанд ба наздикони худ тариқи смартфон ирсол намоед ва аз имкониятҳои нави роуминги Тсеll дар Ӯзбекистон бо нархҳои арзон баҳра баред!

Маълуми ҳамагон аст, ки аллакай сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд ва аҳолии ин ду кишвари ҳамсоя ин хабарро бо хурсандӣ ва мамнуният пазируфтанд. Ҳамдиёрон имкон пайдо намуданд то хешу ақрабо ва наздикони худро бубинанд, ба сафари корӣ бароянд ва ё ватани аҷдодии худро зиёрат намоянд.

Тсеll хамчун ширкати инноватсионӣ ва пешқадам, ҳамеша барои хушҳолии  муштариёни худ кӯшиш менамояд.  Ба тарофаҳои нави роуминг ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед! Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад : ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед.

Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!  Таассуроти худро дар бораи сафаратон ба наздикони худ бе мамониат бифиристед!

Барои пайваст шудан ба роуминги мазкур шумораи *601*1# -ро  пахш намоед. Хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон аст. Дар суратҳисобатон бояд 5 сомонӣ дошта бошед!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад!

__________

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.