Дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксияи бузургмиқёси «Лентаи георгиевӣ» (Георгиевская ленточка) баргузор намешавад.
Имсол дар Тоҷикистон тақсими лентаҳои георгиевӣ маҳдуд аст. Онҳоро асосан бо дархости дастаҷамъона муассисаҳои таълимӣ мегиранд, хабар доданд аз Россотрудничество дар Душанбе.
Касоне, ки шахсан хоҳишманди ба даст овардани ин лента мебошанд, метавонанд мустақиман ба Россотрудничество муроҷиат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон тавассути ҷамъияти русҳо, ташкилотҳои собиқадорон ва муассисаҳои таълимӣ лентаҳои георгиевӣ тақсим мешаванд.
Масалан, фаъолони ҷамъияти русҳо дар шаҳри Турсунзода хабар доданд, ки ба миқдори начандон зиёд лентаҳо гирифта, айни замон ба тақсими он машғуланд. Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистони ин шаҳр ҳоло лента нагирифта, лекин изҳор намуданд, ки дар ҷашни Рӯзи Ғалаба фаъолона иштирок мекунанд.
Бо раҳпаймоии «Полки ҷовидон» чӣ мешавад?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хоҳиши иштирок крадан дар аксияи «Полки ҷовидон»-ро изҳор мекунанд.
Айни замон мавқеи ҳукуматдорон ба баргузор намудани аксияи «Полки ҷовидон» номаълум аст. Собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳукуматдорон бо дархости иҷозаи баргузории ин раҳпаймоӣ муроҷиат карда, вале то ҳол посух нагирифтаанд.
Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардид.
Манъи раҳпаймоии «Полки ҷовидион»-ро дар соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон чунин шарҳ дода буданд, ки дар нақшаи чорабиниҳои ҷашни Рӯзи Ғалаба он ҷой надошт. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки «даргириҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба баргузор намудани аксияҳои иловагӣ имкон намедиҳад ва илова бар ин, расму оинҳои исломӣ барои ба кӯча баромадан бо суратҳои шахсони фавтида иҷозат намедиҳад».
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе дар робита ба либоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста