Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин  дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни вохӯрӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, бахусус имтиёзҳои ҷоришудаи андозию гумрукӣ аз ҷониби ҳукумат ба соҳибкорону тоҷирон маълумот дода, оид ба тамдиди муҳлати бақайдгирӣ, ки аз 3 рӯз то 10 рӯз тамдид карда шуд, ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати баргузории форуми тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони ҳарду кишвар дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, қайд кард, ки баргузории форуми мазкур дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар назар аст ва он баҳри мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби самоягузорони Русия ба риштаи сайёҳии Тоҷикистон  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад, сухан рафта, иброз доштанд, ки дар сурати имзо гардидани Созишномаи мазкур, ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари бо ҳам дӯст боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Ғайр аз ин, перомуни ҷалби бештари сайёҳони Русия ба Тоҷикистон, хизматрасонӣ ба сайёҳони Федератсияи Русия дар самти саёҳати экологию шикор, табобатию солимгардонӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдрас мешавад, ки ҳамасола дар шаҳрҳои бузурги Русия намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ гузаронида мешаванд. Соли ҷорӣ ду намоишгоҳи машҳури байналмилалии сайёҳӣ “Интурмаркет” ва “МИТТ” дар Русия баргузор гардид.