Аз 15 то 17 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шуда, барои киноиндустрияи ду ҳамсоякишвар муваффақона анҷом ёфтанд – “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекккино” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки тайи 25 соли охир ин нахустин санади ҳамкорӣ дар соҳаи кино барои кишварҳо буда, барои киностудияҳои ҷонибҳо баҳри рушди фаъолият шароитҳои хеле мусоид фароҳам меорад.

Ба гуфтаи муовини директори “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев, масалан, минбаъд коргардону ҳанармандони тоҷик зимни наворбардории филм дар ҳама гуна шаҳри Ӯзбекистон озодона ва бепул метавонанд аз таҷҳизоти “Ӯзбеккино истифода баранд.

Дар қаламрави Тоҷикистон низ барои коргардону ҳунармандони ӯзбек айнан чунин шароит фароҳам оварда мешавад.

“Ғайр аз ин, ҳарду киностудияҳо бидуни мушкилот метавонанд ҳунармандон(актёрон)-и тоҷик ва ӯзбекро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват намуда, ҳамчунин дар кишварҳои ҳамдигар маъракаи намоиши филмҳои муштаракро баргузор кунанд”, - иброз дошт Толиб Раҳматуллоев.

 

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.