Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои “таҷовузи заношӯӣ” ва дигар навъҳои бадрафторӣ ва зӯроварӣ ба занҳо ҷазо таъйин кунад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузорише, ки Созмони Милали Муттаҳид онро ба зудӣ баррасӣ мекунад, гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба зан қонун бояд "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва Кодекси ҷиноиро ислоҳ кунад, то онҳое, ки ба занону духтарон дар хонавода ҷабру зулм мекунанд, ҷазои сазовор бигиранд.
Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, рӯзи 15-уми октябр нашр шуд. Дар гузориш достонҳои занони тоҷике гирдоварӣ шудааст, ки аз шавҳарону хешовандонашон ҷабру ситам дидаанд, вале ҳеҷ кас дар мақомоти интизомӣ ба додашон нарасидааст.
Гузоришро бар асоси суҳбат бо занони дучори хушунатшуда, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомоти интизомӣ омода ва моҳи сентябри имсол такмил кардаанд. Созмони мазкур бо такя ба гуфтаи мусоҳибонаш дар ниҳодҳои ҳукуматӣ, вакилони мудофеъ ва намояндагони марказҳои кумак ба занон дар Тоҷикистон навиштааст, занон дар ҳар саввумин хонавода хушунат мебинанд.
Худи занон ва вакилони мудофеъ гуфтаанд, мақомоти интизомии Тоҷикистон аксар вақт аз таҳқиқи мавридҳои зӯроварӣ худдорӣ мекунанд, ҳатто агар гунаҳкор қасди куштани зан доштааст, ӯро бераҳмона латту кӯб ва пайваста таҷовуз кардааст. Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, агар чунин ҳодисаҳо дар рустоҳои дурдасти Тоҷикистон сурат бигирад, маъмурони милиса ба ҷабрдидагон мегуфтаанд, ки “гунаҳкорро худашон ба шӯъбаи умури дохилӣ биёранд”.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар воқеият дорад ва масъалаи зӯроварӣ дар оила ҳамчунон доғ боқӣ мемонад. Масалан, фақат ба як созмони ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Истаравшан дар камтар аз 2 соли гузашта бештар аз якуним ҳазор нафар шикоят кардаанд ва садҳо нафари онҳо барои он муроҷиат кардаанд, ки шавҳар ва ё хушдоман онҳоро азоб медиҳад