Дар рейтинги нави шиносномаҳои Henley & Partners аз лиҳози шумори кишварҳои вуруди бидуни раводид Тоҷикистону Ӯзбекистон зинаи 80-умро ишғол намуданд. Қаблан аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи чоруми соли гузашта Тоҷикистон зинаи 83-юмро касб карда буд.

Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни раводид (виза) метавонанд ба 58 кишвари саросари дунё сафар кунанд.

Қазоқистон дар зинаи 67-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо бе раводид ба 76 кишвар рафта метавонанд. Қирғизистон дар мақоми 76-ум ҷойгир шуда, шаҳрвандони ин ҳамсоякишвар ба 64 давлат ва туркманистониҳо ба 53 давлат бе раводид сафар карда метавонанд.

Зинаи аввалро дар рейтинг Япония ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид аз 190 кишвари дунё боздид карда метавонанд. Зинаи дуюмро Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ (сафар ба 189 давлат бидуни раводид) ва мақоми сеюмро Олмону Фаронса (188 давлат) касб кардаанд.

Дар зинаҳои охири рейтинг Афғонистон ва Ироқ ҷойгир шудаанд. Шаҳрвандони ин кишварҳо бе раводид ба 30 кишвар сафар карда метавонанд.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners, қаблан маъруф бо номи Индекси (шохиси) маҳдудиятҳои раводидӣ (соли 2018 номаш иваз шуд), рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, реҷаи бераводид дар ҷумҳурӣ танҳо бо 33 кишвар амал мекунад. Ин маълумот дар сомонаи ин ниҳод оварда шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.