Имрӯзҳо дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон фестивали гулҳои Namangam Flowers ҷараён дорад, ки то санаи 1 июн давом мекунад.

Фестивал бори нахуст соли 1961 доир гардида буд. Ба фестивали маъмулӣ беш аз 150 нафар дӯстдорони табиат аз тамоми гӯшаву канори Ӯзбекистон ҷамъ омадаанд.

Дар ин ҷо метавон бо гулпарвари маъруфи намангонӣ Ҷӯрахон Муминов дучор омад, ки дар маҷмӯааш беш аз 1000 навъи гули ханҷарӣ (кактус) дорад. Ӯ 73 сол дошта, аз соли 1965 то ба ин сӯ ҳамасола дар фестивал ҳузур дорад.

Гузориши навбатии мо аз ҷараёни баргузории ин фестивал.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.