Обуҳавошиносон дар рӯзи аввали моҳи октябр боришот пешгӯӣ мекунанд: эҳтимоли боридани борон дар пойтахт 40-60%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дуруст аст, ки рӯзи 1 октябр брони кӯтоҳмуддат дар назар буда, аз сардшавии обуҳаво интизорӣ намеравад. Гузашта аз ин, боришот ягона тамоми моҳи октябр хоҳад буд.

Шурӯъ аз 7 октябр ҳарорат дар кишвар, аз ҷумла дар пойтахт поин меравад. Дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии ҷумҳурӣ ҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад. Дурии биниш дар роҳҳои нақлиётгард то 400-1000 метрро ташкил медиҳад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13-15, рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, чанде қабл аз аҳолӣ дархост намуда буд, ки дар ин рӯзҳо ба беморони дилу раг ва зиққи нафас бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.