АНОНС

- Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Душанбе дар мавзӯи платформаи иқлимии иттилоотии Осиёи Марказӣ семинари минтақавӣ доир мегардад;

- Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба опереттаи “Найрангҳои Майсара” (Проделки Майсары) даъват мекунад; Оғоз соати 16:00;

- Дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук идома дорад. Тоҷикистонро дар навъи варзиши давидан ба масофаи 200 метр байни занон Гулсумбӣ Шарифова намояндагӣ мекунад;

- Дар Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон (кадетҳо) ҷараён дорад, ки Тоҷикистонро дар он 11 нафар гуштигирон намояндагӣ мекунанд;

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6910 сомонӣ;

1 евро – 10.6029 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1506 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

1968 – Дар Душанбе бо иштироки АИ ИҶШС конфронси байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён доир гардид.

2013 — Раиси шаҳри Душанбе пахши мусиқии баланд ва гӯшхарош дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашро манъ кард.

1927 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.

1963 – Мавлуди нависанда ва рӯзноманигор Равшани Махсумзод.

1963-2001 – Зодрӯзи нависанда Мавҷигули Зардодхон.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 27 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.