Намоишномаи “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар сеюмин Фестивали байнулмилалии театрҳои ба номи Жанат Хоҷиев соҳиби ҷойи аввал гардид.
Дар ин бора ба Asia-Plus коргардони ин намоишнома Нозим Меликов хабар дод.
“Ин бори аввал нест, ки намоишҳои мо дар фестивалҳои театрӣ соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Ин рисолати мо – театриён аст, ки намоишро омода карда, ба тамошобин пешниҳод созем. Боиси ифтихор аст, ки “Дирафши Коваёнӣ” дар фестивали Қазоқистон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва бинандагон баҳои арзанда гирифта, “Беҳтарин намоиш” дониста шуд”, - афзуд ӯ.
Фестивали мазкур рӯзҳои 15-19 октябр дар Театри мусиқию драмавии шаҳри Жезказгани Қазоқистон доир гардид. Он ба поси хотири арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Жанат Ҳоҷиев бахшида шудааст.
Дар ин фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯйи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Нозим Меликов рӯйи саҳна омадааст.
“Миннатдории худро ба Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон барои дастгириашон мерасонам, ки сафари ҳунармандони моро ба фестивали Қазоқистон маблағгузорӣ карданд. Инчунин ба Вазорати фарҳанги ҶТ барои иҷозатнома изҳори сипос мекунам”, - гуфт коргардон.
Ёдовар мешавем, ки “Дирафши коваёнӣ” дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” соҳиби шоҳҷоиза гардида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста