Доварони байнулмилалӣ шоҳҷоизаи швейтсарӣ барои беҳтарин филми мустанади тоҷикро ба маҳсули эҷоди коргардон Файзулло Файзов “Устод Кимёгаров” супориданд.

Тибқи иттилои Кумитаи тадорукотии Синамобазми байнулмилалии “Дидор-2019”, ҳамчунин шоҳҷоизаҳои швейтсарӣ барои беҳтарин филми баланди мустанад ба филми “Ҳазор духтаре, мисли ман”-и коргардон Саҳро Мусавӣ-Монӣ аз Афғонистон ва барои беҳтарин филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ ба филми “Охири замин”, коргардон Дмитрий Степанов аз Русия эҳдо шуданд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии "Дидор"

Ду ҷоизаи махсуси доварони байнулмилалӣ ба филмҳои кӯтоҳи “13 километр”, коргардон Владимир Тюлкин аз Қазоқистон ва “Умед”, коргардон Дилошуб Орифзода аз Тоҷикистон тақдим шуд.

Ҳамчунин ду “Ҷоизаи Мамадқул Арабов барои инъикоси беҳтарини мероси миллӣ” ба филмҳои “Аҳли об”, коргардон Озода Бизаргитӣ аз Эрон ва “Умар-ако”, коргардон Далери Имомалӣ аз Тоҷикистон насиб гардид.

Ҷоизаи Швейтсарӣ барои дебюти беҳтарини коргардонӣ ба филми “Ҷойи беҳтарин дар замин”, коргардон Рома Буряк аз Тоҷикистон тақдим шуд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии "Дидор"

Ҷоиза ва дипломи киношиносону мунаққидони синамои Тоҷикистон ба кинофестивали «АРТДОКФЕСТ» (Русия) “Барои таваҷҷуҳи самимӣ ба тақдири ИНСОН” супорида шуд.

Ҳамзамон филми пурраметражаи ҳуҷҷатӣ аз бахши озмуни филмҳои тоҷикӣ ба “Роҳҳои тоҷирон ва ҳунармандон”, муаллиф Ладигина О.В. бо ҷоизаи дуюм ва дипломи киношиносону мунаққидони синамои Тоҷикистон “Барои ташаббуси омӯзиш ва тарғиби ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон” қадр карда шуд.

Дар ин ҷашнвора беш аз 50 филм аз 15 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, ба толорҳои фестивал зиёда аз 3000 нафар бинандагон ташриф оварданд.

Ба ҳайати доварони байнулмилалӣ Георгий Дзалаев – наворбардор ва коргардони барҷастаи филмҳои мустанад (Тоҷикистон), Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) – сарвари иҷроияи IRIB MEDIA ва Гулнора Абикеева – доктори илмҳои фарҳангшиносӣ, мунаққиди синамо (Қазоқистон) шомил буданд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии "Дидор"

Дар доираи Синамобазм нишастҳои матбуотӣ бо филмсозон, мизи мудаввар дар мавзӯи “Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона”, инчунин мастер-классҳою вохӯриҳо барои донишҷӯён ва синамогарони ҷавони Тоҷикистон бо кинематографистони Ӯзбекистон ва Русия дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуданд.

Тибқи анаъана ҳар як ҷашнвораи “Дидор” ба бузургдошти синамогари барҷастаи тоҷик бахшида мешавад. Ҷашнвораи мазкур низ ба бузургдошти мустанадсози маъруфи тоҷик Мамадқул Арабов – “филмбардори фронтӣ”, собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, иштирокчии паради Ғалаба дар шаҳри Маскав бахшида шуд.

Синамобазми байнулмилалии филмҳои мустанад “Дидор-2019” рӯзҳои 16-20 октябр бо дастгирии Ҳукумати ҶТ, сарпарасти асосӣ – Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва шарикони доимии он – Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гузаронида шуд.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.