Осия Зулфонова, ки ӯро 4 моҳ пеш наврасон оташ зада буданд, ҳоло руҳану ҷисман ба оҳистагӣ шифо ёфтаву табассум мекунад. Духтари хурдсол ҳамроҳи падараш ба идораи “Азия-Плюс” омад.

Шерзод Зулфонов, падари Осия ба ҳамаи шахсоне, ки дар рӯзҳои душвор паҳлӯи онҳо буданд ва кумак расониданд, изҳори сипос кард.

Осияи 6-сола то ҳол зери назорати табибон қарор дорад. Ба гуфтаи падараш, ҳар ҳафта барои муолиҷаи ӯ тақрибан 500 сомонӣ масраф мешавад, ки аҳли хонавода имкони дарёфти чунин маблағро надоранд. Падару духтар ҳар 10 рӯз барои гузаштани ташхису табобат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе меоянд.

Осия дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ман соли оянда ба мактаб меравам. Бояд зудтар сиҳат шуда, аз пайи хариди китобу дафтар шавам”.

Ба гуфтаи Шерзод Зулфонов, ҳарчанд вазъи саломатии Осия назар ба пешина хуб шуда бошад ҳам, ӯ шабона аз дард азият мекашад.

Asia-Plus

Ёдовар мешавем, рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди манзили истиқоматиаш бозӣ мекард, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтар сӯхта буд. Раисҷумҳур низ аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки табобати Осияро таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад.

Гунаҳкори асосӣ – навраси 13-соларо ноқисулақл дониста, ба Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон ҷойгир карданд.

Аҳли хонаводаи Осия аз волидони наврасони оташзан пардохти ҷуброн талаб доранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.