Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Шараф» ва муаллифи чандин маҷмӯаи шеърӣ Фарзонаи Хуҷандӣ 55-сола шуд.

Ба ин муносибат 3-юми ноябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба хонаи Фарзона рафта, ӯро табрик кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз хизматҳои шоёни Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шудааст. Ба таъкиди ӯ, зиндагӣ ва кору пайкори шахсиятҳои камназир ба монанди Фарзона худ гувоҳи он аст, ки адабиёти пурғановати тоҷик дар ҳама давру замон меросбарони худро дорад. Раиси вилоят ба шоири маъруф саломатии бардавому хонаи обод ва дар ҷодаи эҷод комёбиҳои нав орзу кардааст.


Фарзона (Иноят Хоҷаева) имрӯз ба ҳаводорони сершумори эҷодиёти худ дар гурӯҳи фейсбукии “Озарахш ва Фарзона” изҳори сипос кард:

“Сипос Худованди Якторо, ки ба ман тариқи дӯстдориро омӯхт. Диле бахшид, ки аз ранҷи халқ об шаваду аз шодии халқ бол занад.

Як забон дорам, ҳамон ҳам мункасир

Дар хиҷолат аз ту, эй донои сир.

Гар Худо додӣ маро понсад забон,

Гуфтаме шарҳи ту, эй ҷону ҷаҳон.

Шарҳи муҳаббати ман ба якояки шумо достони дароз аст. Тафсири шукру сипоси ман ба унвони азизи шумо дарозтар аз он, аммо агар он ҳамаро рӯйи суфра як-як бигзорем, боз ҳам кифоят нест:

На Лайлоям, ки Маҷнуни шумоям,

На дирӯзам, ки акнуни шумоям.

Ба подоши муҳаббатҳои содиқ

Чӣ пардозам, ки мадюни шумоям.

Маро фақат ба унвони фарроше шиносед, ки бо ин рутбаам ифтихор мекунам: фарроше, ки бо ҷорӯби ғайб (қалам) гарду чангу кинаву наҳсу ғуборро мехоҳад аз дилҳо бирӯбад, ҷонҳоро полоиш диҳад, рӯҳҳоро бо сабоҳати субҳ ошноӣ диҳад, фикрҳоро мутаҳҳар созаду дилҳоро ба истиқболи муҳаббат омода намояд. Ҳамаи шумо вурудномаи ҷовидон ба баҳорхонаву нигорхонаи дили ман ёфтаед, ки мақдаматон мукаррам бод. Ман касеям аз қаламрави тирамоҳу обон, аммо ҳамин саодатро ҳам дорам, ки баҳорро, яъне инсонҳои наврӯзсимову наврӯзмаънову наврӯзмоноро, яъне шуморо дӯст дораму дуруд гӯям:

Обони маро баҳор кардӣ, хуш бош,

Ялдои маро наҳор кардӣ, хуш бош.

Хуш бош, ки ҷону дили зебоятро,

Бо ҷону дилам дучор кардӣ, хуш бош!”

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook дирӯзу имрӯз мухлисони шеъри Фарзона, адибону мунаққидону сарояндагон ва аҳли зиёи кишвар соҳибҷашнро шодбош гуфта, аз саҳми назарраси ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд. Дар зер навиштаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Сафар Абдуллоҳро меоварем:

Медонам, ки имрӯз хоҳараки азизам Фарзонабону зодрӯз доранд. Зодрӯзи ин шоъири қудсиро барои ҳама ъошиқони шеъри порсӣ табрик мегӯям.

Фарзонабонуро аз хонадони бузурги шоъирони порсӣ медонам, ки фарҳангу рӯҳи инсониро ъазамату эътило бахшидаанд ва ба-дон шарафу арҷ додаанд. Шеъри Фарзонабону шеъри асил аст ва забону баёни вежае дорад, ки шабеҳи касе нест. Аз шоъиронест, ки фарҳангу тамаддуни забони порсиро огоҳона омӯхта, бо беҳтарин намунаҳои шеъри ҷаҳон ошноӣ ёфта ва аз таҷрибаи хеле аз бузургон нукотеро фаро гирифта, вале худро шинохтаву худро ёфта ва ба забону баёни вежае мушарраф шуда, ки аз муҳити зиндагию омӯхтаҳояш маншаъ мегирад. Фарзонабону яке аз давронҳои бисёр мудҳиши таърихи моро пушти сар кард. Суқути одамиро ба фурудтарин разолат ва залолат мушоҳида карда, вале ҳамеша роҳи раҳойӣ ва озодагӣ ва озодманиширо сутуда, аз зиндагии тӯдаҳои мардум ва ҳоли ҳамватанони мо бо забони шеър ҳикоят мекунад.

Бештари ашъори Фарзонабону ошиқонаю ъорифона аст. Ин гуна ашъори ӯ бахши пурбор ва гаронбаҳое аз осори ӯро ташкил мекунад. Ғазалҳои ӯ намунаи беҳтарин ашъори ъорифонаи порсӣ дар адабиёти муъосир аст. Аз ашъори инчунонии ӯ намунаҳои олии ғазалро дар ихтиёр дорем, ки вирди забонҳост. Ъишқу ъирфон таҷрибаҳои ъотифиест, ки маънии таърифнопазир ва васфношудании он ба қавли доное дар зери ъиборот дар намеояд, то фориғони ъишқ аз он насибе ёбанд. Ъишқ инсонҳоро аз бунбаст раҳоӣ мебахшад ва ҳамин ъишқи ҳақиқӣ аст, ки саршор аз аҳволу асрор аст ки дар ъиборот намеғунҷад ва ба васф дар намеояд... Хуб медонад, ки ъишқ ҳам неш асту ҳам нӯш, ҳам асорат асту ҳам озодӣ, ҳам бандагӣ асту ҳам худовандӣ... Аз ъишқ мадад мехоҳад ва дар девони Мавлоно ва ғазалиёти Саъдию Ҳофиз сайри маънавӣ мекунад ва дурру гуҳарҳоеро пайдо мекунад, ки аз чашми мо пинҳон буд ва зеҳни хешро сайқал медиҳад ва оканда аз ъишқу шӯр ба худ бармегардад ва девони ғазалҳояшро пешкаш мекунад, ки дар шеъру адаби мо комилан ҳарфи ноб аст. Девони Мавлоно ва бузургони дигар ба осори ӯ мисли таъсири нури хуршед бар замин асар мегӯзорад, ки нерӯи нуҳуфтаи заминро ба таҳрик медаровардааст, ба Фарзонабону низ чунин асаргузор будааст, ки нерӯи халлоқии худи ӯро ба таҳрик даровардааст. Бархе аз ашъори ъошиқонаю ъорифонаи Фарзона ба ҳадде зебо, муассир, гӯшнавоз ва дилрубост, ки гӯйӣ ангор ин суханони касест, ки бо тамоми вуҷуд ъишқи илоҳиро чунон бо камолу шӯрангез таҷриба кардааст. Дар ҳоле ки ба назари ман бештар парвози хаёли нерӯманди шоъирона аст, то таҷрибаҳои ъотифӣ...

Албатта, кори Фарзонабону дар шеъри порсӣ ва ҷойгоҳи бас рафеъи ӯ, ҳарчанд борҳо гуфтаанду навиштаанд, боз ҳам то кунун чунонки бояд арзёбӣ ва арҷгузорӣ нашуда аст. Бовар дорам, ки ин кори фардост... Зеро шак надорам, ки ашъори ӯ ҷовидон асту мо гузарон...

Бори дигар хоҳараки азизам, шоъири бемисл ва Инсони комил Фарзонаро ба зодрӯзашон табрик мегӯям ва аз Худои Якто барои эшон саломатӣ ва тавфиқ таманно дорам!

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,
Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун.
Биё ба чашми ғизолам набераи Маҷнун,
Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун.
Куҷо равам, ки раҳо ёбам аз ҷаҳолати хасм,
Маро бигиру ба сандуқи сина пинҳон кун.
Чу шабнамона ба рӯйи кафи ту меларзам,
Чу ман ҳақиқати шаффофи хеш урён кун.
Шумораи тилифуни маро зи борон пурс,
Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун.
Агар ба дидани ман ойӣ, эй масеҳонафас,
Ҳазор сузани хуршед дар гиребон кун,
Ту беҳ зи ман бишиносӣ тариқати рафтан,
Салоҳи туст, ҳар он чӣ ту хостӣ, он кун”.

Фарзона 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш гирифтааст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ВАО ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯъи хандарез» дар соли 1987 бо сарсухани Лоиқ Шералӣ чоп шудааст.

Шоири номвари тоҷик то имрӯз китобҳои «Шабохуни барқ» (1989), «Ояти ишқ» (1994), «То бекаронаҳо» (1998), «Меъроҷи шабнам» (2000), «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд, Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Муҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Англия, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014), «Дарёи сӯзон» (2014) ва ғайраҳоро ба нашр расонидааст, ки хонандагони сершумори худро доранд.

Дар ин матлаб аз видеоҳои YouTube – Маҳфили шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ (Ozarakhsh and Farzona channel, қисмҳои 1, 2 ва 3), ки намоиши телевизионии онро дар соли 2014 ТВ “Суғд” таҳия кардааст, истифода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.