Шумори амалиёти интиқоли пул ба Тоҷикистон мудом дар ҳоли афзоиш буда, хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ рушду такмил меёбанд. Ин дафъа барои бароҳату  эътимоднок кардани интиқоли пул дар ТҚХ “Душанбе Сити” корти нави дебетии “Душанбе Сити”-ро ҷорӣ намуданд, ки аз «Сбербанк Онлайн» ва «Киви Кошелек» метавон ба он маблағ гузаронид.

Барои роҳандозии корти нав байни ТҚХ “Душанбе Сити” ва "Сбербанк"-у "Киви Банк" дар бораи шарикии мутақобила созишнома ба имзо расид.

Дорандагони кортҳои нав метавонанд маблағро аз Сбербанк Онлайн ба корти “Душанбе Сити” бо меъёри фоизии 0% то 1% фиристанд.

Кортҳои “Душанбе Сити” аллакай барои харидорӣ дастрасанд. Барои гирифтани он бо рақами (44) 630 99 99 дархост таҳия кардан зарур аст. Ҷараёни омода кардани корти шумо якчанд соатро дар бар мегирад. Дарҳол пас аз ин борбар (курйер) бо шумо дар тамос шуда, натанҳо кортатонро ба зудӣ ба дастатон мерасонад, балки давоми ҳамагӣ панҷ дақиқа онро фаъол месозад.

Қобили зикр аст, ки кортҳои нави “Душанбе Сити” махсус барои муҳоҷирони корӣ ва касоне, ки бештар бо амалиёти интиқоли пул сарукор доранд, таҳия шудааст. Лекин ин маънои онро надорад, ки дигар шахсон аз он истифода бурда наметавонанд. Кортҳои нав барои ҳамаи касоне, ки ба эътимоднокӣ, шаффофият ва хушсифатии интиқоли пул афзалият медиҳанд, пешбинӣ шудааст!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.