Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд шоми дирӯз, 25-уми декабр дар яке аз тарабхонаҳо барномаи солинавӣ доир гардид. Дастандаркорон ҳунарнамоии Юлдуз Усмоноваро дар он ваъда доданд, лекин як зани дигари ба овозхони Ӯзбекистон монанд ба саҳна баромад.
Шерзод Ҳакимов, ёвари Юлдуз Усмонова дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозхон ба Тоҷикистон нарафтааст ва нияти баргузории ягон консерт ҳам надошт, яъне созмондиҳандагон мардумро фиреб додаанд.
“Мо дирӯз дар як тӯй дар Тошканд будем. Аз консерт дар Тоҷикистон хабар надорем. Ба фикрам, онҳо мардумро фиреб дода, пул кор кардаанд. Юлдуз айни замон дар шабакаи телевизиони ZO'R TV ба наворбардории рӯнамои албоми наваш машғул аст”, - иброз дошт ӯ.
Шавкатҷон Аюбов, сарвари тарабхонаи “Садбарг”, ки консерти мазкур дар он гузаштааст, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳақиқатан ҳам дирӯз дар ин тарабхона консерт баргузор шуда, дар эълону чиптаҳо акс ва номи Юлдуз Усмонова дарҷ ёфта буд.
“Дар эълонҳои рекламавӣ ва чиптаҳои ба одамон фурӯхташуда акс ва номи Юлдуз Усмонова зикр шуда буд. Онҳо чандин маротиба ба назди ман омаданд, ки ба гузаронидани консерт розӣ шавам. Ман рад карда, овардани иҷозати ҳукумат ва шуъбаи фарҳанги шаҳрро дархост кардам. Онҳо иҷозатномаро оварданд ва ман розӣ шудам. Худам дар консерт иштирок надоштам, вале оилаам дар он ҳузур дошт. Дар байни консерт ҷанҷол сар зада, ман кормандони милитсияро даъват кардам ва муноқиша бартараф шуд”, - гуфт Аюбов.
Ба гуфтаи сарвари тарабхона, ба ӯ хабар додаанд, ки ба ҷойи Юлдуз Усмонова як зани ба ӯ монанд омадаву 5-6 тарона сароида, рафтааст.
“Аз созмондиҳандагон пурсидам: Юлдуз Усмонова куҷост? Онҳо гуфтанд, ки ӯ омада, ҳунарнамоӣ кард ва бо корҳои таъҷилияш ба Ӯзбекистон баргашт. Яке аз онҳо бо номи Шерзод айни замон дар шуъбаи милитсияи шаҳр қарор дорад. Онҳо барои иҷора ба ман пул надоданд ва телефонҳояшон дастнорас аст”, - иброз дошт Аюбов, вале аз ифшои ному насаби дастандаркорони консерт худдорӣ варзид.
Дар шуъбаи милитсияи шаҳри Истаравшан ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки алҳол ба онҳо дар ин хусус шикояте нарасида, аз ин қазия бехабаранд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз созмондиҳандагони консерт бо номи Шерзод, ки ба қавли сарвари тарабхона дар милитсияи қарор дошт, гӯширо бардошта, зимни суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, дар бораи консерти Юлдуз Усмонова чизе намедонад.
“Ман бо иштироки овозхонҳои Истаравшан консерт ташкил кардам. Ба даъвати Юлдуз Усмонова шарикам Ҷамшед сарукор дошт. Айни замон намедонам, ки ӯ дар куҷост, телефонаш дастнорас мебошад”, - гуфт номбурда.
Ба суоли мо: “Оё дар ин тарабхона Юлдуз Усмонова ҳунарнамоӣ кард?” ӯ посух дод, ки танҳо сурудхонии занро дидааст.
“Ӯ ба забони ӯзбекӣ суруд хонд. Ман машғул будам ва таваҷҷуҳ накардам, ки оё ҳақиқатан ҳам Юлдуз Усмонова буд ё зани дигар”, - гуфт Шерзод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Ахбор” иттилоъ медиҳад, ки ташкилкунандагони консерт бо нархи 350 сомонӣ (36 доллар) ба мардум беш аз 350 чипта фурӯхта, зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ пул кор кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.