Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 автобуси нав харидорӣ мешавад. Дар ин хусус масъулини маркази маъмурии вилояти Суғд бо корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе гуфтушунид кардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз ҳисоби сарфа кардани маблағҳои лоиҳа мо боз 50-60 адад автобусҳои наву замонавӣ харидорӣ мекунем”.
Ёдовар мешавем, тибқи лоиҳа бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 100 автобуси тамғаи “ЛИАЗ” аз Русия харидорӣ шуда, 2 сол инҷониб ба сокинони маркази вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон хизмат мерасонанд.

“Дар доираи лоиҳаи беҳтар гардонидани Корхонаи воҳиди давлатии нақтиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд харидории 100 адад автобус пешбинӣ гардида, барои ин қариб 21 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шуда буд. Дар натиҷаи гузаронидани тендерҳо мо қариб 6 миллион доллар маблағро сарфа кардем, ки он дар лоиҳа боқӣ мондааст. Азбаски ҳоло 2 банди лоиҳа – азнавсозии базаи нигаҳдории нақлиёт ва ташкил кардани фурӯши чиптаҳои электронӣ ба иҷро нарасидааст, мо он маблағҳои сарфашударо истифода карда наметавонем. Барои ҳамин агар тендерҳо доир шаванду маблағҳои он муайян гарданд, пули боқимондаро барои харидории автобусҳои нав равона мекунем”, - афзуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои масъулин, автобусҳои корхонаи муштараки туркию тоҷикии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе аз он сабаб харидорӣ мешаванд, ки дар оянда таъмири онҳо ва дастрас кардани қисмҳои эҳтиётӣ осон мегардад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.