АНОНС

- Дар Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Маркази идоракунии лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

- Дар қаҳвахонаи варзишии “Истиқлол” (хиёбони Дӯстии халқҳо, 47) бахшида ба Рӯзи Валентин чорабинии шомгоҳӣ баргузор мешавад. Оғоз: соати 19.00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6956 сомонӣ;

1 евро – 10.5372 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1518 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Таъсиси рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (феълан «Халқ овози»).

1960 – Таъсиси мактаб-интернати комплексӣ дар Лучоб (ш.Сталинобод).

1962 – Ифтитоҳи корхонаи консервбарорӣ дар ш. Қӯрғонтеппа.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев.

1955 – Мавлуди доктори улуми филология Маъруф Раҷабӣ.

1957 – Зодрӯзи журналист Муҳаммадмурод Сайдалиев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҷашни "ишқ". Рӯзи Валентини муқаддас ё худ Рӯзи ошиқон. «Рӯзи Валентин» гӯё ҳаждаҳ аср пеш дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст. Он вақтҳо ин ҷашн Lupercalia ном доштааст. Ҳар сол дар ҳамин рӯз одамони зиёд дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ё деҳа ҷамъ омада, ба ҳамдигар роз мегуфтанд. Баъд аз ҷашн дилдодагон ба орзуи худ мерасиданд, яъне оила барпо мекарданд.


Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳадяи китоб. Ҳамаи одамонеро, ки ба кӯдакон китоб туҳфа карда, ба онҳо дӯст доштани китобро талқин мекунанд, муттаҳид месозад.


Имрӯз иди касбии худро ғайрирасмӣ кормандони бо компютер сарукордошта ҷашн мегиранд. Дар ин рӯзи соли 1946 ба аҳли илми ҷомеаи ҷаҳонӣ нахустин компютери электронии коркунандаи ENIAC I (Electrical Numerical Integrator And Calculator) намоиш дода шуд.

Барномасозони ENIAC I

16 сол пеш дар ин рӯз боми маҷмааи фароғатии «Трансвааль-парк» дар Маскав фурӯ рафт, ки дар натиҷа аз 1300 нафари дар он ҳузурдошта 28 кас ҳалок шуданд.


Имрӯз портали электронии хизматрасонӣ (сервис)-и YouTube таъсис дода шуд, ки айни замон хостинги писандида ва сомонаи сеюм дар ҷаҳон аз рӯйи истифодаи корбарон аст.


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 9-14 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 14-19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона -4+1°, дар шарқи вилоят шабона 25-30° хунук, рӯзона 5-10° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 9-11° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.