Дар арафаи оғози дарсҳои чоряки чаҳорум мактабҳои Душанберо “дезинфексия” карданд. Зимнан ба рӯйи фарш, мизу курсӣ ва ҷевонҳо маҳлули махсус пошиданд.
“Маҳлулҳое, ки мо истифода мекунем, якчанд намуданд: аз ҷумла, инсектисидҳо – алмадез, инкрасепт, славин. Онҳо вирусу микроб ва бактерияҳои зарароварро нест мекунанд”, - гуфт яке аз масъулони безараргардонии мактабҳои пойтахт Фарҳод Ҷумъаев.
Тавре ба “Азия-Плюс” дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иттилоъ доданд, айни замон чунин “дезинфексия” дар дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ низ гузаронида мешавад.
Аз 1-уми апрел хонандагони мактабҳои кишвар пас аз таътили баҳорӣ дубора ба таҳсил шурӯъ мекунанд. Теъдоди умумии хонандагони мактабҳои Тоҷикистон қариб 2 миллион нафар буда, панҷяки онҳо дар шаҳри Душанбе мехонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.