Дар Тоҷикистон 1880 нафар то рӯзи 10-уми апрел дар карантин қарор доштанд. Тавре маълум шуд, на ҳамаро баъд аз 14 рӯз ҷавоб медиҳанд. Масалан, шаҳрвандоне, ки рӯзи 25-уми март аз Русия омадаанду дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба карантин гирифта шудаанд, шикоят карданд, ки онҳоро ба хонаҳояшон рухсат намедиҳанд, ҳарчанд ду ҳафтаи муқарраршуда дар карантин буданд. Табибон мегӯянд, ин барои муоинаи ҳамаҷониба лозим аст.
Дар Бохтар
“Охири моҳи март моро ба карантин гирифтанду ташхис гузарониданд. Аллакай 14 рӯз гузашт, мо бемор нестем, вале ба хонаҳоямон рухсат намедиҳанд”, - муроҷиат карданд ба “Азия-Плюс” бо ин шикоят шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар қарор доранд.
Онҳо ҳамчунин гуфтанд, миёни касоне, ки дар карантин қарор доранд, ҳеҷ касе таби баланд надорад ва ҳама худро хуб ҳис мекунанд:
“Муҳлати карантин ба охир расид, лекин ба мо мегӯянд, ки бояд то 16-уми апрел дар карантин бошем, яъне 21 рӯз ба ҷойи 14 рӯз, чунки натиҷаи тестҳои моро ҳоло нагирифтаанд”.
Алихон Нурализода, сардухтури беморхонаи мазкур тасдиқ кард, ки 298 нафар шаҳрвандони рӯзи 25-уми март аз Русия омада ҳанӯз дар беморхона мебошанд ва пас аз чанд рӯзи дигар, яъне ба охир расидани 21 рӯз ҷавоб дода мешаванд.
Ӯ изҳор дошт, одамон бояд дарк кунанд, ки ҳамаи ин корҳо “барои манфиати худи онҳо ва аҳли оилаашон аст”.
“Ҳарчанд дар онҳо аломатҳои ҷиддии беморӣ вуҷуд надошта бошад ҳам, маҷбурем, ки онҳоро муддати 21 рӯз нигоҳ дорем. Сабабаш он аст, ки шумори онҳо зиёд буда, барои муоинаи мукаммал, ҳамчунин бехатарии худи шаҳрвандон, тасмим гирифтем, ки муҳлати карантинро боз як ҳафтаи дигар дароз кунем”, - мегӯяд сардухтури беморхона.
Ба гуфтаи табиб, дар карантин барои онҳо тамоми шароит муҳайё буда, дар як рӯз се вақт бо хӯроки гарм таъминанд.
“Худоро шукр, ки дар онҳо аломатҳои коронавирус ошкор нашуд. Хоҳиш дорем, каме сабр кунанд ва ба наздикӣ ба хонаҳояшон рафта метавонанд”, - гуфт Нурализода.
Дар Душанбе
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандоне, ки дар Маркази солимии №1 шаҳри Душанбе (1-ум Советский) дар карантин қарор доранд, бо чунин шикоят ба “Азия-Плюс” муроҷиат карданд.
Дар шарҳи он директори ин Марказ Хуршед Рустамзода хабар дод, ки аз рӯзи 9-уми апрел ба ҷавоб додани одамони дар ин ҷо ба карантин гирифташуда оғоз карданд ва то рӯзи 11-уми апрел ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода мешаванд.
“Сабаби нигоҳ доштани онҳо ин буд, ки натиҷаи ташхисҳоро мунтазир будем. Аломатҳои коронавирус дар онҳо ошкор нашуд”, - шарҳ дод Хуршед Рустамзода.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз 1-уми феврал то 10-уми апрели соли равон 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 5482 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.
Сухангӯйи ин вазорат Бибихонум Дарвешзода рӯзи 10-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ягон ҳолати сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.