Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» рушди хизматрасониҳои молиявиро барои мизоҷони худ вусъат дода истодааст. Аз  27 апрел дар доираи лоиҳаи муштараки оператор бо ҶСК «Алиф Бонк» муштариён метавонанд дар МегаФон дархостҳоро барои гирифтани кортҳои кобрендингии бонкии «Салом» пешниҳод намоянд.    Кортҳои мазкур  барои ба насия харидани молу хизматрасониҳои беш аз 500 шарики лоиҳа кӯмак мерасонанд.    

Корти инфиродии бонкии «Салом» барои пардохти арзиши молҳо ва ҳаққи хизматрасониҳо дар давоми то 12 моҳ ва бе комиссия (0%) имконият  медиҳад.      Ин гуна харидҳоро бе ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва пешпардохт, танҳо бо пешниҳоди корт ба фурӯшанда, анҷом додан мумкин аст.   Тамоми тартиби харид дар якчанд дақиқа сурат мегирад.  Кортҳои кобрендингии  «Салом» дар марказҳои машҳуртарини савдо ва гипермаркетҳо, тарабхонаҳо, агентиҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои дигари Душанбе ва Хуҷанд қабул карда мешаванд.   

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ на танҳо ҷорикунии кортҳои «Салом»-ро дастгирӣ намуд, балки  дастраскунии онҳоро зуд ва қулай гардонд.     Дархостро дар Маркази тамос, толорҳои хусусии алоқаи  ширкат ва дар сомонаи salom.megafon.tj  гузоштан мумкин аст.     Баъд аз ин муштарӣ ба идораи «Алиф Бонк» даъват карда шуда, ба ӯ  бо пешниҳоди шиноснома  корт супорида мешавад.   Бори аввал гирифтани корт барои истифодабаранда ройгон мебошад.  

«Акнун дархостро барои бонк  дар дилхоҳ толори мо пешниҳод кардан мумкин аст.   Вале, мо танҳо бо ин маҳдуд намешавем.  Барои ҳар як хариди бомуваффақият тавассути терминали «Алиф Бонк» истифодабарандаи корт аз ширкати МегаФон 60 холи иловагиро аз рӯи барномаи садоқатмандии «Раҳмат» соҳиб мегардад.      Ин  бонусҳоро барои хариди мегабайтҳо, дақиқаҳо, SMS ва дигар хизматрасониҳои алоқа истифода бурдан мумкин аст.    Мо имкониятҳои мизоҷони худро якбора ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои мобилӣ васеъ менамоем», –  мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.