То имрӯз, 30-юми апрел дар вилояти Хатлон 92 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 3 нафар вафот кардаанд.

Чунонки аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, аз 92 гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) 53 нафараш ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар ва 39 ҳолати дигар ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб рост меояд. Се кас аз ин беморӣ фавтиданд: як нафар аз ноҳияи Дӯстӣ ва ду каси дигар аз ноҳияи Шаҳритус.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки айни замон 2 корманди ин мақомот бо ҳарорати баланд дар беморхона бистарӣ шудаанд. Яке аз онҳо муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода мебошад. Чанд рӯз қабл сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур Эгам Исоев аз бемории илтиҳоби шуш фавтид.

Мехринисо Раҷабзода зимни як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки айни замон таҳти назорати пизишкон дар беморхона табобат мегирад.

“Чанд рӯз ҳароратам баланд шуд. Ба беморхона омадам ва ин ҷо бистариям карданд. Табибон мегӯянд, ки андаке шамол хурдаам. Айни замон худамро хуб ҳис мекунам”, - гуфт муовини раиси ноҳияи Шаҳритус.

Хабари бистарӣ шудани ӯро ҳамчунин Умаралӣ Юсуфов, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ дар ноҳияи Шаҳритус тасдиқ карда, гуфт: “Таҳлилҳо нишон додаанд, ки Меҳринисо Раҷабзода зуком шудааст ва аз ин ҳисоб таб кардааст. Айни ҳол ҳол саломатияш хуб аст”.

Вай афзуд, ки дар ноҳияи онҳо 32 ҳолати гирифтории бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст.

“Дар беморхонаи ноҳия 2 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд, ки яке аз онҳо сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус буда, дигараш сокини ноҳияи Носири Хусрав аст. Ҳолати беморони боқимонда то субҳи имрӯз муътадил буд”, - изҳор дошт Умаралӣ Юсуфов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.