ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии кишвар маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили"COVID-19" таъсис доданд, ки бо реҷаи 24/7 фаъолият мекунад.

Дар ин бора дар саҳифаи бонк дар Facebook хабар дода мешавад.

Барои машварат ва дарёфти дигар маълумот дар бораи кумак ба рақами кӯтоҳи 311 занг задан лозим аст.

Маркази хизматрасонӣ дар бинои дафтари кории асосии ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” воқеъ буда, бо тамоми зерсохтори зарурӣ ва таҷҳизот таъмин шудааст.

Дар он беш аз 30 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ дар шакли машварат оид ба масоили пешгирӣ, аломатҳои вирус ва муолиҷаи он кумаки касбӣ расонида, ба сурати умум доир ба вирус маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд.

Қобили зикр аст, ки кормандони маркази хизматрасонӣ бо маоши шоиста, 3 вақт хӯроки гарм ва нақлиёт таъминанд. Ҳамаи хароҷоти вобаста ба фаъолияти ин марказ пурра аз ҳисоби ҶСУ “Коммерсбонк Тоҷикистон” пардохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.