Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рухсатии сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбиро муваққатан манъ кардааст. Ба онҳо дидорбинӣ бо наздикон ҳам иҷоза нест.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, мақсад аз қабули чунин қарор ҳифзи солимии сарбозон ва афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, хизматчиёни ҳарбии кишвар дар баргузории корҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, қариб ҳамарӯза дар бинои воҳидҳои низомӣ, иқоматгоҳу ошхонаҳо ва дигар иншооти қисмҳои низомӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.
“Танҳо давоми ду рӯзи охир ихтиёриёни мо наздики 5 ҳазор дона ниқобҳоро дар кӯчаву хиёбон ва боғҳои Душанбе бепул ба аҳолӣ тақсим карданд”, - гуфт подполковник.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.