Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати «SkyUp Airlines» аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд.
Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҳамаи шаҳрвандони омада дар лагери “Барқчиён” ба карантин гирифта шуданд.
Ҳукумат ҳамчунин тасмим гирифт, ки соати 15-и рӯзи 29 май шаҳрвандонро аз Дубай баргардонад. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, аз Аморот ду хатсайр иҷро мешавад. Пеш аз парвоз ҳамаи шаҳрвандон дар фурудгоҳ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Дар ин робита сафорат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки 4 соат пеш аз парвоз ба Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай ҳозир шаванд.
“Ҳавопаймои “Сомон Эйр” соати 15:00-и рӯзи 29 май бо хастсайри махсуси Дубай - Душанбе парвоз мекунад. Шаҳрвандон 4 соат пеш бояд дар фурудгоҳ бошанд, чунки аз онҳо ташхиси хун гирифта мешавад. Парвози дигари махсуси Дубай - Душанбе соати 11:00-и рӯзи 31 май аз ҷониби ширкати «Fly Dubai» анҷом мепазирад”, - қайд мекунад сафорат.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони хоҳишманди ба Тоҷикистон баргаштан билетҳоро дар сомонаҳои расмӣ ё дар намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе ва Дубай харида метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.