Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ҳамсари ӯ ба гумони гирифторӣ ба сирояти коронавирус дар дармонгоҳи Оғо Хон дар шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, тести ташхиси коронавируси аз онҳо гирифташуда, ба Душанбе фиристода шуда, лекин ҳоло посухи он нарасидааст.

“Табибон вазъи солимии раиси вилоятро муътадил арзёбӣ мекунанд. Ӯ табобати зиддивирусӣ мегирад”, - гуфт Ниятбеков ва илова намуд, ки ҳамсари Файзов шояд аз дармонгоҳ рухсатӣ шуда, зери муоинаи табибон дар хона муолиҷа гирад.

Ба қавли котиби матбуотӣ, Ёдгор Файзов тариқи телефон бо кормандони ҳукумат дар тамос буда, ҳамаи масъалаҳо низ ба ин васила бо ӯ мувофиқа мешаванд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Ёдгор Файзов ба бемории Covid-19 гирифтор шудааст, лекин дар ҳукумати вилоят ин маълумотро рад карда, изҳор доштанд, ки ӯ дар кор қарор дошта, бемор нест.

Ниятбеков дар ин робита зикр кард, ки дарвоқеъ он замон раиси вилоят бемор набуда, дар ҷойи кориаш қарор дошт.

“Он замон Файзов бемор набуд ва мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар додем. Лекин баъди пайдо шудани аломатҳои вирус ӯ бистарӣ шуда, ба бемории коронавирус мубтало шудани раиси вилоят алҳол маълум нест. Натиҷаҳои ташхисро интизорем”, - илова кард Ниятбеков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.