Бозори бузургтарини фурӯши қариб ҳама гуна молу маҳсулоти “Корвон” дар Душанбе дубора ба фаъолият оғоз намуд. Дар доираи муқовимат бо COVID-19 он муддати якуним моҳ баста шуда буд.

Директори бозор Ҳалима Мавлонова доир ба барқарор шудани фаъолияти бозор, тадбирҳои бехатарии андешидашуда дар ин ҷо ибрози назар кард.

Дар рӯзи аввали кори бозор харидорон начандон зиёд буданд. Лекин қариб ҳама савдогарон ба кор баромаданд, зеро зиёни муддати якуним моҳ бекор монданро баровардан даркор аст. Дар рӯзи аввали барқарор шудани фаъолияти бозори “Корвон” занҳо бештар ба мушоҳида мерасиданд.

Ҳарчанд супермаркету марказҳои савдо ва мағозаву дигар фурӯшгоҳҳо низ фаъолияташонро барқарор карда бошанд ҳам, аксарият маҳз кушода шудани бозори “Корвон”-ро интизорӣ доштанд, чунки номгӯйи молу маҳсулот дар ин ҷо хеле зиёд буда, нархҳо ҳам нисбатан дастрасанд.

Дар Душанбе фурӯшгоҳу бозорҳои дигар, инчунин нуқтаҳои дандонпизишкӣ, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои шустани мошинҳо низ дубора ба кор оғоз намуданд. Ҳамагӣ 11 ҳазор нафар ба кор баргаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.