Ботхо кистанд, онҳоро чӣ гуна метавон шинохт, онҳо чӣ мақсад доранд, кӣ ва чигуна онҳоро истифода мебарад, дармаводи мо.

Ботхо кистанд ва чаро бояд дар ин бора огоҳӣ дошта бошам?

Расман, зери мафҳуми "бот" барномаро барои иҷрои амалиёти маъмулӣ дар назар доранд. Масалан, ирсоли худкор ва интишори паёму шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, лайкзаданҳо, бознашри паём.

Инчунин профайл ва саҳифаҳои ҷаълӣ, ё "фейкӣ", ё худ "қалбакӣ"-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "ботҳо" меноманд, ки дар пасманзари онҳо одамони воқеӣ қарор доранд. Онҳо ба ивази пул ё таҳти фишор дар шабакаи интернетӣ шарҳу эзоҳи фармоишӣ мегузоранд. 

Дар ибтидо, ҳанӯз то маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ, ботҳо дар бахши тиҷоратӣ пайдо шуданд, ки дар вебсайти ширкатҳо дар барои ин ё он маҳсулоти корхона шарҳҳои тавсифӣ интишор мекарданд. Сипас ин технологияро сиёсатмадорон ба кор гирифтанд.

Одатан, ботҳо дар арафаи рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ махсусан фаъол мешаванд. Аксар вақт онҳо ҳокимиятро ситоиш мекунанд, дар зери паёмҳои саҳифаҳои расмии сиёсатмадорон, дар истиноди мақолаҳои сайтҳои иттилоотӣ шарҳ гузошта, аз интиқоди шахсони эътирозгар ва номақбул пуштибонӣ мекунанд.

Аммо ҳама шарҳ менависанд. Мушкилот чист?

Ботҳо одатан якҷоя кор мекунанд. Ин кори як нафар нест, балки "фабрика" ё "фермахо" амал мекунанд, ки ҳар як корманди он ҳамзамон мудирияти то 20 адад аккаунтҳои "ҷаълӣ"-ро ба ӯҳда дорад ва ҳамарӯза садҳо шарҳ мегузорад. Бо ин роҳ, онҳо метавонанд ба афкори ҷомеа таъсир расонанд.

Ботҳо дар Интернет ба одамони мушаххас ҳамла мекунанд, хабарҳои "фейкӣ"-ро интишор карда, нуқтаи назарҳои муайянро бадном месозанд. Ботҳо байни худ баҳсҳо эҷод карда, бо лайкзанӣ ва бознашри мавод, мавзӯъҳои фармоиширо ба таври сунъӣ ба мавзӯъи доғу рӯмарра табдил медиҳанд. фармоиширо ба тамоюлҳо меоваранд. Илова бар ин, вазифаи онҳо дар баробари баррасии мавзӯъҳои ночиз таваҷҷуҳро аз асли масъала дур кардан аст. 

Ботҳо ҳеҷ гоҳ фикри худро баён намекунанд, балки онҳо аз манфиатҳои фармоишгарони хеш дастгирӣ мекунанд.

На танҳо корбарони оддӣ, балки сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон низ бо ин бовар, ки аксарияти мардум чунин меҳисобанд, метавонанд аз пайи онҳо бираванд. Ба ин васила ботҳо дар бораи ин ё он рӯйдод ва падида афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Онҳо ҳамчунин имиҷ ва тамсили сиёсатмадоронро ташаккул медиҳанд, ё мухолифонро танқид мекунанд.

"Ферма"? Ин чист? 
"Ферма" ё "фабрикаи троллҳо" як шабакаи мутамаркази ботҳост, ки метавонад ҳамчун як ширкати хусусӣ бо фармоишгарон сару кор дошта бошад, ё ҳамчун воҳиди махсуси ситоди сиёсатмадорон ё ҳизби сиёсӣ амал кунад.

Оё дар Осиёи Марказӣ низ ботҳо амал мекунанд?

Бале. Дар Қазоқистон онҳоро "нурбот" ё "нурняшка" меноманд. Аввалӣ мақомотро ситоиш ва эътирозгаронро танқид мекунад; дуюмӣ дар бораи сиёсати дохилӣ ва фаъолияти мақомоти ҳукуматӣ тавсифномаҳо менависад.

Нашрияи Factcheсk.kz даҳҳо аккаунтҳои "фейкӣ"-ро, ки дар саҳифаҳои Фонди Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу паём менавиштанд, таҳлилу баррасӣ кард. Дар натиҷа, онҳо ҳадди аққал як ширкатеро ифшо карданд, ки ботҳоро таҳия ва идора мекунад.

Дар Қирғизистон низ вазъ ҳамсон аст, аммо дар ин ҷо ботҳо аксаран "тролл" ё "фейк" номида мешаванд.

Дар Тоҷикистон ба ботҳо номи "Фермаи ҷавоб" дода шудааст. Ҳанӯз то маҳбубият пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, пас аз интишори мақолаҳои интиқодӣ аз болои мақомот дар саҳифаҳои рӯзномаҳо дар шумораи навбатӣ аз номи муаллифони номаълум ва бо имзои мустаъор ба ин танқид посухҳо пайдо мешуданд. Азбаски ин мақолаҳо муаллифони мушаххас надоштанд, рӯзноманигорон ингуна матлабро маҳсулоти «Фабрикаи ҷавоб» меномиданд. Оҳиста-оҳиста, номи "Фабрикаи ҷавоб" ба "Фермаи ҷавоб" табдил ёфт, аммо аз ҳарду ном истифода мешаванд.

Акнун дар Тоҷикистон ботҳо дар ҳимоят аз мавқеи мақомот дар Интернет шарҳу паём менависанд, аммо дар муқоиса бо дигар кишварҳо, ин кор дар ин ҷо ҳатмӣ ва бепул аст. Донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳқукуматӣ аксар вақт ба ин кор ҷалб карда мешаванд.

Дар бораи Ӯзбекистон маълумоте нест.

Чаро ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ботҳо истифода мекунанд?

Мисли дигар ҷойҳо, "фермахо", "фабрикаҳо" ва ботҳо ба хотири дасткории афкори ҷомеа ва мубориза бо мухолифон дар муҳити Интернет таъсис дода мешаванд.

Ботҳо чӣ гуна мефаҳманд, ки дар чӣ бора бояд нависанд?

Ботҳо аз ҷониби мудирон барои навиштани шарҳу паём дар мавзӯҳои калидӣ вазифадор мешаванд. Тибқи таҳлили нашрияи Factcheck.kz, дар Қазоқистон мудирияти аккаунтҳо бонизом буда, чунин корбарӣ аз нуқтаи назари маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ бад нест.

"Тақрибан ҳеҷ гуна шарҳҳои якхела мавҷуд нестанд. Аз афташ, бо мудирони ботҳо копирайтер ё гурӯҳи копирайтерҳо кор мекунанд. Бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди шарҳҳои якранг мавҷуданд, ки ба хусусияти кори шабакаи ин ботҳо алоқаманд аст".

Аммо ботҳо аз аккаунтҳои "фейкӣ" ҷавоб менависанд ва оё онҳоро ошкор кардан осон аст?

Дар ҳақиқат, ошкор кардан нест. Эҷоди саҳифаи ботҳо ё худ аккаунтҳои фейкӣ метавонад аз якчанд моҳ то якчанд сол тӯл кашад. Дар ин муддат, ҳалқаи дӯстонро зиёд мекунанд, аксҳо мегузоранд (одатан аз ингуна аксҳо саҳифаҳои одамони воқеӣ дар дигар кишварҳо нусхабардорӣ мешаванд), истинодҳо ва ёддоштҳо нашр карда мешаванд, то ин ки профайл воқеӣ ва боварибахш ҷилвагар шавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто аккаунтҳои тасбитшуда (верификатсияшуда) метавонанд қалбакӣ ё фейкӣ бошанд. Аз ин рӯ, баъзан ботҳоро аз шахсони воқеӣ фарқ кардан, хеле душвор аст.

Аммо чӣ гуна ботро метавон ташхис кард?

Маркази таҳлилии VoxUkraine меъёрҳоеро тартиб додааст, ки тавассути онҳо метавон аккаунтҳои қалбакӣ шинохта шаванд:

1. Ба ҳисоби миёна, ботҳо назар ба одамон 15 маротиба тезтар шарҳ менависанд.

2. Зиёда аз нисфи ботҳо «шарик» доранд, ки айни ҳамон паёмҳоро шарҳ медиҳанд. Барои одамони воқеӣ ин навъи рафтор танҳо дар ҳашт ҳолат як бор (13%) ба мушоҳида мерасад.

3. Ботҳо паёмҳо дар мавзӯъҳои сиёсиро нисбат ба одамони воқеӣ чор маротиба бештар шарҳ медиҳанд.

4. Ба ҳисоби миёна, теъдоди дӯстони ботҳо чор маротиба камтар аст.

5. Танҳо 4% ботҳо ҳадди аққал як аломати ҷуғрофӣ доранд. Барои одамон ин рақам 44% -ро ташкил медиҳад.

6. Танҳо тасвири профайли нисфи ботҳо чеҳраи одамон доранд. Барои одамони воқеӣ ин нишондиҳанда 92% -ро ташкил медиҳад.

7. Танҳо 20% ботҳо зери паёми худ шарҳ менависанд Аммо барои одамон ин рақам 80% -ро ташкил медиҳад.

8. Танҳо 3% одамон ба акси профайли худ ҳеҷ гуна вокуниш нишон намедиҳанд. Барои ботҳо ин рақам 43% -ро ташкил медиҳад.

Муаллифон: Ёқуб Ҳалимов, Илҳом Ҷамолиён, Нурбону Мамадакимзода (Тоҷикистон), Бакдаулет Анарбаев (Казоқистон), Аксана Замирбекова (Қирғизистон)

Манбаъ: school.cabar.asia 

Тарҷумаи Дилрабо Ҷамолова (mediasavod.tj)

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!