Машғулиятҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи 17 август оғоз мегарданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Сиоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 қабул шудааст.

“Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта як давраи мутобиқшавӣ хоҳад буд. Дар ду ҳафта мавзӯъҳои охири соли гузашта мавқуфмонда омӯхтаву такрор шуда, сипас соли нави хониш оғоз мегардад”, - гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат агар вазъи вобаста ба пандемия дар кишвар шиддат гирад, хонандагон фосилавӣ, бештар тариқи телевизион таҳсил мекунанд.

“Вазорат ба барномаҳои таълимии телевизионӣ афзалият медиҳад, чунки на ҳама ба технологияҳои нав ва интернет дастрасӣ доранд. Дар ҳамдастӣ бо шарикон мо барномаҳои таълимӣ ҳам бо телевизиону ҳам тариқи интернет таҳия кардем. Дар сурати зарурат хонандагон бо таҳсили фосилавӣ фаро гирифта мешаванд”, - қайд кард Муҳаммадюсуф Имомзода.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки Вазорат ба нашри барномаҳои таълимии барои телевизион таҳияшуда дар шабакаи Youtube омода аст.

“Ин камхарҷтар буда, нафарони зиёдро фаро мегирад, инчунин хонандагон ҳама гуна вақт онро тамошо карда метавонанд. Дар Youtube аллакай филмҳои тасвирии таълимии “Сандуқчаи зулбиё” бо забони тоҷикӣ гузошта шудааст”, - илова кард Имомзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.