Дар бораи рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пагоҳ, 22 июл расман хабар медиҳад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, Иди Қурбон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда фаро мерасад. Ин рӯз дар кишвар рӯзи истироҳат мешавад.

“Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, рӯзи ҷашни Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа, 31 июл рост меояд”, - иттилоъ доданд дар Марказ.

Бар асари пандемияи корнавирус имсол ба муносибати Иди Қурбон намози иди дастаҷамъона баргузор намешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд, лекин имсол он муяясар нахоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Арабистони Саудӣ баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус адои маросими ҳаҷи фарзиро барои мусалмонони саросари дунё дар соли равон бекор кард.

Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.