Мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо оғози соли нави хониш ҳамаи мактабҳо бояд ба таври кофӣ бо ниқоб, маҳулулҳои антисептикӣ, оби тоза ва собун таъмин бошанд. Лекин дар қарори Вазорат зикр намешавад, ки кӣ бояд маблағи хариди ин воситаҳои муҳофизатиро пардохт намояд. Мо кӯшиш кардем, ки дар ин бора огаҳӣ пайдо кунем.
Сармутахассиси Раёсати Вазорат Ҷалолиддин Амиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки барои таъмини мактабҳо бо воситаҳои муҳофизатӣ аз маоши омӯзгорон ягон тин боздошта намешавад.
“Дар бисёре аз мактабҳо ҳанӯз моҳи апрел дар дарсҳои меҳнат ба дӯхтани ниқобҳо оғоз карда, аз ин рӯ, ҳоло мактабҳо захира доранд. Соли нави хониш низ чунин таҷриба идома меёбад”, - қайд кард Амиров.
Ба гуфтаи ӯ, маҳлулҳои антисептикӣ, хлор ва собунро худи мактабҳо аз суратҳисоби махсусашон харида, инчунин тоҷирони маҳаллӣ низ дар ин кор ба мактабҳои худ кумак хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи апрел дар робита ба пандемияи Covid-19 толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба таътил баромаданд. Бо ишора ба муътадил шудан вазъ, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки соли нави хонишро аз 17 август оғоз мекунад.
“Мо ҳамчунин аз кумитаҳои падару модарон хоҳиш мекунем, ки дар ин кор фаъол бошанд, лекин омӯзгоронро ҷалб намекунем”, - изҳор дошт номбурда.
Вазорат итминон дод, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус риоя хоҳанд шуд.
Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба оӯози соли нави хониш омодаанд. Имсол тартиби хониш ба куллӣ фарқ хоҳад кард: дар даромадгоҳ қолинчаҳои безараргардонӣ партофта шудааст, навбатдорон ҳарорати кӯдаконро санҷида дастонашонро поккорӣ мекунанд ва ба онҳо ниқоб медиҳанд. Дар долонҳо барои риояи масофа хатҳои уфуқӣ кашидаанд: кӯдакон бояд дар масофаи 1,5 метр аз ҳамдигар гаштугузор кунанд ва қатъиян бо самтҳои муайяншуда гузаранд.
Тибқи қоидаҳои нав масофа байни мизҳо бояд на камтар аз 1 метр бошад. Кӯдакон сари мизҳо якнафарӣ шинонида мешаванд.
Хабарнигорони мо дар яке аз мактабҳо дар ин бора гузориши видеоӣ омода карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.