Дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябр Фестивал-намоиши фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ муаррифии дастовардҳои кишоварзони тоҷик ва эҳё намудани анъанаҳои парвариши асал, ангур, дигар анвои меваҷот, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони тоҷик унвон мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 30 сентябр дар ҷумҳурӣ беш аз 179 ҳазор тонна анвои гуногуни меваҷот ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб  46 ҳазор тоннаи он ангур мебошад. Дар ин давра 1886,3 тона (100,1%) асал истеҳсол шудааст.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.