Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз бунёдгузорони чандин шабакаи телевизиони мустақил дар шимолии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар синни 52 солагӣ, аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз соати 10:00 дар манзили истиқоматияш, ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.
Рустам Ҳоҷибоев, яке аз пайвандони наздик ба Маҳмудҷон Дадобоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вай ҳафтае қабл аз ҳарорати баланди бадан азият мекашид ва аз ин рӯ дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида буд. Вай мегӯяд марги нобаҳангом аҳли пайвандони рӯзноманигорро сахт андӯҳгин сохтааст.
Маҳмудҷон Дадобоев аз соли 1993 то 1995 хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро", 1996-1997 сармуҳаррири "ТВ-7" ва дар солҳои 1997-2003 роҳбарии "Ширкати телевизион ва радиошунавонии СМ-1" дар шаҳри Хуҷандро дар зимма дошт. Солҳои 2006-2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва солҳои 2007-2008 сармуҳаррири яке аз нахустин рӯзномаҳои мустақил дар шимолии Тоҷикистон бо ном "Суғд" буд. Аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кули шабакаи телевизион ва родиоӣ "Ҷаҳоноро" буд.
Замони раиси шаҳри Хуҷанд будани раиси ҳозираи вилояти Суғд сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд. Маҳмудҷон Дадобоевро ба унвони яке аз кормандони ҳирфаӣ дар бахши телевизион дар вилояти Суғд мешинохтанд.
Маҳмудҷон Дадобоев 27 ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ соли 1989 фаъолияти кориашро дар Иттиҳодияи истеҳсоли "Хуҷандатлас" оғоз карда буд.
Вай Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" марги рӯзноманигори варзидаро барои ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон таслият мегӯяд ва ба хонаводаи марҳум дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста