Имсол дар маркази шаҳри Душанбе ва боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт рамзи Соли нав - арча гузошта намешавад.
Сааби ин дар маълумоти шаҳрдории Душанбе хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон шарҳ дода шудааст.
“Шаҳрдории Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур ва эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор кард, ки танҳо дар ҳамин сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шавад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.
Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 тасмим гирифт, ки баргузории ҳама гуна чорабиниҳо ба муносибати таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар кишвар манъ кунад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи 31 декабр ҷашни фарорасии Соли нави мелодиро дар майдони асосии пойтахт - “Дӯстӣ” ҷашн мегиранд.
Солҳои ахир дар ин майдон арчаи солинавии баландиаш зиёда аз 25 метр гузошта шуд. Соли гузашта дар ҳамин майдон бозори солинавӣ ташкил шуд, ки ярмаркаҳоро ба ин муносибат дар кишварҳои аврупоӣ ба хотир меовард.
Сафри назар аз хабарҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи зиёдшавии шумори беморон ва ҳодисаҳои фавт аз коронавирус дар минтақаҳои гуногуни кишвар, Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ муътадил аст.
Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон мавҷуд будани мавҷи дуюми пандемияи коронавирусро дар кишвар расман эътироф накардаанду инкор ҳам.
Тибқи маълумоти расмӣ, то шоми 18 ноябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 731 нафар расид. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 86 нафарро ташкил медиҳад. То ин дам 11 ҳазору 105 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.