Аз пандемияи COVID-19 аз ҳама бештар кишварҳое осеб диданд, ки дар рушди технологияҳои рақамӣ қафо монда, зерсохтори пурсамари рақамӣ бунёд карда натавонистанд, изҳор доштанд намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи 2 декабр зимни онлайн-брифинги “COVID-19 ва нобаробарии рақамӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (РМ)”.
Гуфта мешавад, мавҷуд набудани зербинои зарурӣ дар шароити масофагирии иҷтимоӣ ба роҳандозии фаъолият бо реҷаи дур аз дафтари корӣ, дастрасӣ ба таълиму омӯзиши фосилавӣ ва хизматрасониҳои телевизиони тиббӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳо монеъа эҷод месозад.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо истинод ба TeleGeography хабар доданд, ки дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба Интернети суръаташ баланд то ҳол маҳдуд аст: фарогирии хонаводаҳо бо Интернети васеъхат тариқи шабакаҳои доимии алоқа дар минтақа аз 3,1% дар Тоҷикистон то 35% дар Қазоқистонро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, қайд шуд, ки ҳам дар шабакаҳои доимӣ ва ҳам мобилии алоқа суръати дастрасӣ ба Интернети васеъхат дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сатҳи миёнаи ҷаҳони ба таври назаррас пасттар мебошад.
“Буҳрони марбут ба COVID-19 ҷиддӣ будани “фарқияти рақамӣ”-ро байни дорандагони дастрасӣ ба шабакаҳои рақамии алоқа ва маҳрумбудагон аз он аён кард. Фарқияти рақамӣ нобаробарии иҷтимоиро амиқтар намуда, рушди иқтисодро дар минтақа бозмедорад”, - гуфтааст директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук.
Мушкилоти дастрасӣ дар минтақа дар брифинг мавҷуд набудани ислоҳот дар соҳа бо шумули монеъаҳои назаррас барои вуруд (бахусус дар қисмати васлшавӣ ба шабакаҳои байнулмилалӣ), вазъи монополӣ (ҳукмрон)-и корхонаҳои давлатӣ, мавҷуд набудани мақомоти танзимкунанда ва сатҳи пасти сармоягузориҳои хусусӣ маънидод шудааст.
Интернет дар Тоҷикистон аввали соли 2016 зери монополия (назорати пурра)-и давлат қарор гирифта, танзимгари миллии алоқа “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро ба кор даровард, ки ҳама трафик дар кишвар тариқи он мегузарад.
“Ислоҳот дар соҳаи телекоммуникатсионӣ барои Осиёи Марказӣ, сокинон ва иқтисоди он имконоти бузург фароҳам оварда метавонанд.Тавсеаи дастрасӣ ба шабакаҳои васеъхат ҳамагӣ ба андозаи 1% ба суръати рушди иқтисод на камтар аз 1% илова карда метавонад ва афзоиши вуруди Интернет ба миқдори 1% ба 4,3% афзоиши ҳаҷми содирот мутобиқат мекунад”, - гуфтааст сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди рақамӣ Михаил Бунчук.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид доштаанд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим аст, ки ба таҳкими имконоти мақомоти танзимгар, бартараф намудани ҳуқуқҳои монополии мавҷуда ва маҳдуд кардани мавқеи афзалиятнок дар бозор, ки сохторҳои амалкунанда дар ихтиёр доранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар чаҳорчӯби барномаи “Осиёи Марказии рақамӣ - Осиёи Ҷанубӣ” Бонки ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рақамикунонӣ дар Қирғизистону Афғонистон маблағ ҷудо мекунад. Барои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон чунин лоиҳаҳо мавриди таҳия қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста