Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 26 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон боришоти начандон зиёд ва дар ноҳияҳои кӯҳи боридани барф дар назар аст.
Ҳарорати миёна рӯзона дар водиҳо то 10 дараҷа гарм ва дар манотиқи кӯҳистон ҳаво хунук мешавад.
Айни замон роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон, инчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.
Дар натиҷаи каме гармшавии ҳаво ва боришот рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди Бидур-Вер (қисмати ғарбии ВМКБ) ва шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (аз мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то ағбаи Шаҳристон) фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз ронандагон дархост мекунад, ки ҳангоми ҳаракат ҳушёриро аз даст надода, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, реҷаи суръат ва масофаи байни автомашинаҳоро қатъиян риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин хотиррасон мекунад, ки дар аксарияти ноҳияҳои кӯҳистон то ҳол туман боқӣ мондааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.