Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ супоранд. Тартиби нави гузаштан аз сарҳад аз 25 декабри соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.
Риояи ин тартиб аз касоне низ талаб хоҳад шуд, ки дар бораи ташхис бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 маълумотнома (справка) доранд.
Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.
Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, гузаштан аз эскпресс-тест ҳудуди 20 доллар нарх дорад.
Агар тест натиҷаи мусбат нишон диҳад, шахс дар муассисаҳои тиббии махсус оид ба муолиҷа аз сирояти коронавирус бистарӣ мегардад ё барои муолиҷа дар шароити хона фиристода мешавад.
Дар ин робита Ситоди фаврии ВКХ Ӯзбекистон аз ҳамватанон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба Ӯзбекистон омаданро дар нақша доранд, даъват намудааст, ки тартиботи зикршудаи аз 25 декабр ҷоримешударо зимни убури марз ба инобат гиранд.
Қобили зикр аст, ки айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст.
Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар иҷоза дода шудааст:
- ба шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст;
- ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад;
- ба шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.